Дар мақола масъалаи инъикоси таърихи Истаравшани бостонӣ дар илми таърихнигории миллии замони истиқлол мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Таъкид мегардад, ки истаравшаншиносӣ бо номи ду поягузори мактаби илмии ин равия академикҳо А. Мухторов ва Н. Неъматов иртибот дошта, марҳилаҳои гуногуни ташаккули худро тай кардааст. Қайд карда мешавад, ки даврони истиқлоли миллӣ, хусусан ҷашни 2500-солагии Истаравшан(соли 2002) дар ин самт такони ҷиддӣ гардид ва боиси таълифи даҳҳо рисолаву тадқиқот, китобу, мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ гардида, таърихнигории мавзӯи мазкурро ғаноманд гардониданд.
Дар мақола муаллиф шахсияти шоири барҷастаи Шарқ Умари Хайѐмро ба унвони риѐзидон ва ситорашиноси маъруф мавриди баррасӣ қарор додааст. Дастовардҳои асосии Умари Хайѐм дар заминаи ҳандасаи Уқлидус ироа гардида, идеяҳои ибтикорӣ ва иктишофҳои ӯ дар илми риѐзӣ муаррифӣ шудаанд. Саҳми бузурги ӯ дар инкишофи геометрияи алгебравӣ , ки пас аз таълимоти юнониѐни қадим такони шадиди таълимоти математикаро ба вуҷуд овардааст, таъкид гардидааст. Дар асоси манбаъҳои илмӣ тадқиқ шудааст, ки ғояҳои риѐзии Хайѐм дар таълифоти минбаъдаи математикони маъруфи ҷаҳонӣ таҷассум ва идома ѐфтаанд.